МАҶЛИСИ КОРӢ

Имрӯз, 02 июни соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда эълон карда қайд намуд, ки дар фаъоляти суд ба роҳбарӣ гирифта шуда қатъиян ба иҷро расонида шавад.

Дар баромади худ раиси суд қайд намуд, ки масъалаи мазкур хеле ҷиддӣ буда, истифодаи сарфакоронаи қувваи барк барои рушди иқтисодиёти давлат таъсири мусбӣ мерасонад.

Инчунин раиси суд қайд намуд, ки дар сурати ворид шудани чунин категорияи парвандаҳо ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ин парвандаҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун, босифат, ҳаматарафа ва объективона баррасӣ карда шуда, аввалан масъалаи ҷуброни зарар ҳаллу фасл карда шавад ва дар навбати худ судяҳои сарпарастро зарур аст, ки омӯзиши меъёрҳои қонунҳои зикршударо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда, таҳти назорати қатъӣ гиранд.

Илова бар ин, раиси суди вилоят хотирасон намуд, ки тибқи нақшаи қабули ҳисоботҳои омарии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли аввали соли 2025, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ба роҳбарият, судяҳои суди вилоят ва шахсони масъул таъкид намуд, ки варақаҳои оморӣ дар суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дақиқан пур карда шуда, барои тартиб додани ҳисоботи оморӣ омода шаванд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.