МАҶЛИСИ КОРӢ

Имрӯз, 7 июли соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, суд ҷамъбастии фаъолияти Суди вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2025 ба саҳми ҳозирин расонид, ки азроҳбарият ва судяҳо cap карда то корманди дастгоҳи суд масъулиятро дарк карда, фаъолияти худро дар доираи салоҳият ва бо риояи бечунучарои қонун амалӣ намоянд ва камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, дар нимсолаи дуюми соли 2025 ба ин камбудиҳо хотима диҳанд.

Илова бар ин, раиси суди вилоят ба ҳамаи судяҳои суди вилоят хотиррасон намуд, ки дар самтҳои бекоршавии санадҳои судӣ, воридшавии арзу шикоятҳо нисбати судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, иҷроиши ҷаримаҳои судӣ, вайронкунии мухлат ва кашолкорӣ дар фаъолияти суд беҳбудиро талаб менамояд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.