МАҶЛИСИ КОРӢ
Имрӯз, 14 апрели соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода карда, қайд намуд, ки баррасии шикоятҳои кассатсионӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ бояд ҳаматарафа, обективона ва саривақт баррасй карда шуда, ба кашолкорӣ роҳ дода нашавад, ҳамзамон дар мурофиаи кассатсионӣ баёноти тарафҳо шунида шуда, имконияти фикронии онҳо фароҳам оварда шавад
Шикоятҳои назоратӣ ва шикояти назоратии такрорӣ низ бояд ҳама тарафа санҷида шуда, ваҷҳҳои шикоятҳо мавриди санҷиш ва муҳокимаронӣ қарор дода шавад.
Илова бар ин, раиси суди вилоят хотир расон намуд, ки дар сурати риоя намудани чунин талаботҳо ба пешгирии шикоятҳои такрории беҳуда оварда мерасонад.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.