МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 16 ноябри соли 2023 дар толори Суди вилояти Суғд бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини раиси суди вилояти Суғд Ҷӯрабек Шерзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар кишварамон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

   Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Аз ин лиҳоз, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ  аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои суди вилоят Раҳматиллозода М. ва Ашурзода Н., мутахассиси пешбар — тарҷумони суди вилоят Раҳмонзода Г.Р. ва котиби маҷлиси судии суди вилоят Ғуломов М. доир ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумаш  дар амну осоиш қарор доранд, ки дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.