МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 23 июни соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, вобаста ба Ваҳдати милли баромад намуда, қайд кард, ки бахту иқболи хуҷастаи миллати сарбаланду давлати соҳибистиқлоли мо буд, ки 28 — сол пеш санади мубораки Вахдати миллӣ ба имзо расид ва мо — соҳибватанонро аз ҷангу низоъ ба саодату сулҳ расонид.

Ҳақиқати барҷастаи таърихӣ аст, ки ваҳдати миллии мо маҳсули андешаи вахдатпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва самараи иқдомҳои фидокорона ва ҷасорати ин абармарди ваҳдатофар мебошад, ки бо корномаи бемисли хеш шоҳкории азим анҷом дода, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, парчами сулҳу вахдатро баланд бардоштанд.

Ҳамаи мову Шумо бояд ба кадри Вахдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо муҳофизат намоем. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон низ ёдовар шуда, чунин даъват намуданд, ки «Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.».

Аз ин рӯ, новобаста аз он ки сулҳу вахдати мо умри 28 — сола дорад, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои он ҳар яки мо соҳибватанон бояд посдори арзишҳои абадзиндаи дӯстӣ, осоиш, субот, ҳамрайъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ризоияти миллӣ бошем.

Зеро Вахдати миллӣ дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва кӯшишҳои бешумор ба даст омадааст. Дар натиҷаи ҷанги гражданӣ хуни бегуноҳон рехт, хонаи ободи ҳамватанони мо вайрон шуд, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монданд. Оқибати ин фоҷиаи бузурги миллӣ хеле даҳшатнок аст. Маҳз Ваҳдат буд, ки ба ин саҳифаи сиёҳи таърихи миллат хотима гузошт ва мардуми тоҷикро ба зиндагии осоишта ва рӯзгори хушу хурсанд расонид.

Агар бо эълони истиқлолият ва дар сатҳи Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудани бунёди давлати демократи ва ҳуқуқбунёд дар ҷумҳурии мо ҳуқуқ ва қонун мазмуну муқаррароти нав пайдо намуда бошад, бо расидан ба вахдати миллӣ дар кишварамон муҳити созгори тадбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсон, фазои ягонаи ҳуқуқии ба қонунгузории миллӣ асосёфта шакл гирифт.

Барои расидан ба Вахдати милли чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифин дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуданд. Ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид.

Он тавре, ки Роҳбари давлат дар чандин маърӯзаву суханронихои худ таъкид доштанд, қаҳрамони сулҳи тоҷикон махз халқ аст. Зеро танҳо дастгирӣ ва ҷонибдории мардум буд, ки имзои Созишномаи умумии сулҳро наздик сохт.

Имрӯз дар фазои Вахдати миллӣ барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам аст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани дараҷаи иқтисодиёти кишварамон ва бо ин роҳ беҳтар намудани вазъи ичтимоии аҳолии мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустадкам намудани пояҳои Вахдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодаҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванда хифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми намоёнро дорост.

Аз ин рӯ, моро месазад, ки пайравони содиқу ҷонибдорони воқеии роҳбарии вахдатхоҳона ва сарварии сулхпарваронаи Пешвои муаззами миллат бимонем, аз чунин сиёсати хирадмандонаи пешгирифта ва роҳи ояндадори интихобкарда эҳсоси гарму самимии ифтихормандӣ дошта бошему танҳо дар мустаҳкам намудани пояхои ваҳдати миллӣ саҳмгузории доимӣ намоем.

Баъд аз баромади худ раиси суди вилоят суханро ба судяи суди вилоят Аҳмадзода Ф. дод.

Судяи суди вилоят Аҳмадзода Ф. дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократа ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар навбати худ судяи суди вилоят Ғаффорзода А. баромад карда, қайд намуд, ки тамоми афроди ҷомеа аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳамияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Илова бар ин, бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ раиси суди вилоят ҳамаи кормандони дастгоҳро бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

Дар охир раиси суд, судяҳо ва кормандони суди вилоятро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, маҷлиси мазкурро ба охир расонид.