МАҚСАД: БОЛО БУРДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ!
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои маъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст.
Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминадои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳукукӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муйаян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии ‘Гоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳукуқбунёдро интихоб намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандхои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи хуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гар дидаанд.
Иқдоми наҷиб, яъне, соли 2024 — ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару хуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд. Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Шуурнокии ҳукуқии шахрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст. Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахрвандон дар доираи эълони соли 2024 — ҳамчун «Соли маърифати ҳукуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошанд ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоянд.
Имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соњњо бо санадхои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва таҳким меёбанд. Мавҷудияти базаи мустаҳками конунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳо мегузоранд. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёр, демократатӣ, дуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро ҳадафи имрӯзу ояндаи инкишофи худ қарор додааст.
Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Эълон гардидани соли 2024-ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳимму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Тавре ки маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фародам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон мебошад.
Ба ифодаи Президенти Ҷумдурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон «дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатдои ҷамъиятӣ имконпазир аст». Маврид ба қайд аст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими маърифати хуқуқи шаҳрвандон нақши калиди дорад.
Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадхои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад.
Набизода Наргис Ҳаким,
судяи суди вилояти Суғд