МЕҲВАРИ РУШДУ ИНКИШОФ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он бештар хотирмон аст, ки Тоҷи­кистон дар сиёсати хориҷии худ як силсила ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои таъмини об, пешгирии тағйири иқлим, тавлиди «энергияи сабз», ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва ғайраро пеш мебарад. Пешвои миллат бори дигар нақши Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои бунёдии онро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори қаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Аз соли 2000-ум инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои обро қабул намуд, ки ин ташаббусҳо барои боло рафтани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ заминаҳои мусоидро фароҳам овард.

Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», «Соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Бинобар ҳамин ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Тадбирҳои мазкур боис гардиданд, ки имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об ва тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегиранд.

Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об дар саросари дунё ба проблемаи ҷиддӣ мубаддал гаштааст. Бисёре аз кишварҳои дунё сол аз сол ба зарурати қабули қарорҳо ва тасмимҳои ҷиддӣ дар масъалаи тақсими об бо назардошти манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагон ва бахшҳои иқтисодиёти барои об рақобаткунанда рӯ ба рӯ мешаванд.

Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафи ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Дар ин замина Роҳбари давлати тоҷикон зикр доштаанд, ки тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯӣ мегузорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин дар навбати худ боиси шиддат гирифтани муносибатҳо байни соҳаҳои иқтисод мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбудии об метавонад, ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфӣ ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил-тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ-чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард.

Тавре хуб медонем, Тоҷикистон давлати захираҳои бузурги обӣ ва «энергияи сабз» мебошад ва 527 миллиард кВт/соат иқтидори энергетикӣ дорад, ки се маротиба бештар аз истеъмоли феълии неруи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Бо истифода аз ин неруи бузурги гидроэнергетикӣ дар шароити муосир такрибан 17-18 миллиард кВТ/соат неруи барқ тавлид карда мешавад, ки тақрибан 3 дарсади иқтидори мавҷударо ташкил медиҳад. Ноил гардидан ба истиқлоли пурраи энергетикии мамлакат тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии мо барои оянда аст.

Илова бар ин, аз ин имконияти бузурги обӣ самаранок истифода бурдан моро дар ояндаи наздик ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёт хоҳад расонид. Ин ҳама таваҷчуҳ ба соҳаи об моро ба он водор месозад, ки баҳри сарфаю истифодаи оқилонаи обу энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи муҳити зист, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, беҳдошти вазъи экологӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Точикистон дар соҳаи об аз пештара бештар масъулият эҳсос намуда, дар амалӣ намудани ин тадбирҳои созанда саҳми босазои худро гузорем.

                                                                                Бадриддин ШАРИФЗОДА,

                                                                                 судяи суди вилояти Суғд