Мизони қонун
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди вилоят парвандаи маданиро аз рӯи шикояти кассатсионии ҷавобгар Муяссар Сангинова аз болои ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 4-уми ноябри соли 2024 бо даъвои ҶСК «Бонки Эсхата» нисбат ба Муяссар Сангинова ва Манижа Бобоҷонова оид ба рӯёнидани кредити бонкӣ ба андозаи ҳаштоду панҷ ҳазору нӯҳсаду чилу як сомонию ҳаштоду як дирам баррасӣ намуд. Чаро ин тавр шуд? Чӣ сабаб шуд, ки ин нафарон то ба ин андоза қарздор шаванду дар пардохти маблағи қарз оҷиз монанд?
Замони соҳибистиқлолӣ барои мо, шаҳрвандон тамоми шароити замонавиро фароҳам овардааст. Имрӯз метавонем аз имкониятҳои мавҷуда баҳраманд гардида, дар ҳама ҷода муваффақ шавем. Аммо ҳеҷ нафаре аз мо ояндаи худро пешгӯй карда наметавонад. Баъзан зарур меояд, ки барои эҳтиёҷоти рӯзгор, гирифтани манзили истиқоматӣ, таъсиси ин ва ё он коргоҳ, сохтмони хона, тиҷорат, баргузории тӯю маросим ва ғайра маблағи заруриро дарёб намоем.
Албатта, дар ин росто бонкҳои амалкунандаи мамлакат ба ёрии мо мерасанд. Тариқи нақдию ғайринақдӣ дар фурсати кӯтоҳ дастрас намудани маблағи зарурӣ тавассути кормандони бонк сурат гирифта, мушкилоти моро осон мегардонанд.
Ба Муяссар Сангинова ҳам зарурат пеш омад, ки мушкилоташро бо роҳи гирифтани маблағ аз бонк осон намояд. Моҳи майи соли 2023 ӯ аз бонки «Эсхата» маблағи заруриро ба даст оварда, дар шартномаи тарафайн имзо гузоштааст, ки то муҳлати муайяншуда, яъне дар давоми бисту чор моҳ ба маблағи навад ҳазор сомонӣ бо ситонидани 28 фоизи солона маблағи қарзро бармегардонад. Ӯ ҳамчунин ба ин кор шаҳрванд Манижа Бобоҷоноваро низ ҳамчун ҳамҷавобгар шарик намуда, бовар ба он дошт, ки дар сурати дар вақташ напардохтани маблағи қарзӣ ба ёриаш мерасад.
Моҳҳои аввал Муяссар масъулият эҳсос намуда, дар муҳлати муайян маблағи қарзиро пардохт менамуд. Аммо моҳи ноябри худи ҳамон сол, яъне соли 2023 огоҳиномаи даъвогар ба унвони ҷавобгару ҳамҷавобгар омад, ки мазмунаш напардохтани маблағи кредитӣ буд. Аммо баъди ин ҳам қарзгирандадар пардохти маблағи кредит саҳлангорӣ кардааст. Баъди идома ёфтани ин ҳолат ҶСК «Бонки Эсхата» зарур шуморидааст, ки ба Суди шаҳри Хуҷанд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, маблағи қарз ва фоизҳои ҳисобшударо тариқи маҷбурӣ ситонад. Тибқи талаботи моддаи 328-уми Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадорӣ як шахс бояд ба фоидаи шахси дигар амали муайянеро анҷом диҳад. Тибқи талаботи моддаи 839-ум, қисми 1-уми Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ уҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (қарзгиранда) тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағҳои пулӣ (кредит) диҳад ва қарзгиранда бошад, уҳдадор мешавад, ки маблағҳои пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад.
Қарзгиранда Муяссар Сангинова уҳдадориашро иҷро накарда, шартҳои шартномаро вайрон карда, дар муҳлати пешбинишуда маблағи қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшуда ва ноустуворонаро пардохт накардааст. Бар замми ин Манижа Бобоҷонова низ ҳамчун зомин дар назди бонк ба ҳамон ҳаҷме, ки қарздор Муяссар Сангинова масъул аст, аз ҷумла пардохти маблағи қарз, фоизҳои ҳисоб шуда, ноустуворона ва дигар хароҷоти қарздиҳанда, ки ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо аз ҷониби қарзгир аз рӯи шартномаи асосӣ вобастаанд, масъул бошад ҳам, уҳдадориҳояшро иҷро накардааст. Бинобар он, бонк маҷбур шудааст, ки роҳи ҳалли масъаларо дар муроҷиат ба суд бинад.
Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ,
муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд
Самандар СОДИҚЗОДА,
мутахассис -мушовири Суди вилояти Суғд