НЕЪМАТИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ

Имрӯз барои мардуми тоҷик ид аст, иди миллӣ, иде, ки солҳои сол мардуми кишвар орзу мекарданд. Бале, имрӯз мо дар остонаи таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли миллӣ қарор дорем.

Тамоми сокинони кишвар ифтихор дорад, ки 33 сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти миллии воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Мардуми тоҷик мустақил шуд. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолият ва аз ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатӣ мо маҳсуб мешавад.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гироф гардид. Сарсабзиву ободкориҳо дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шоистаи тавсифу таҳсин аст.

Бузургии дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад, ки имсол 30-солагии онро дар кишвари азизамон таҷлил менамоем. Конститутсияи мо тавонист мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузорад.

Конститутсияи мо буд, ки барои ҷаҳониён намуна гардид. Маҳз туфайли Истиқлолияти миллӣ дар кишвар сулҳу субот ҳукмрон гардида, ваҳдату ягонагӣ таъмин шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ эҳё шуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.

Ҳамзамон дар давраи 33 соли Истиқлолияти миллӣ дар кишвар таваҷҷуҳ ба мақомоти қудратӣ ва давлатӣ басо зиёд гардид, ки боиси пешрафти ин соҳаҳои ҳаётан муҳим гардиданд.

Фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри пешрафти соҳа тадбирҳои мушаххасу пурсамар роҳандози гаштаанд. Ин кормандони соҳаи ҳаётан муҳимро водор месозад, ки боз ҳам ҷидитар кор кунанд ва дар барқарор намудани адолати судӣ дар кишвар ҷидду ҷаҳд намоянд.

                 Шаҳриёр Искандарзода,

судяи суди вилояти Суғд