НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 Имрӯз, 8 августи соли 2024 дар бинои суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва суди иқтисодии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарият, судяҳо, баъзе раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои он, суди иқтисодии вилояти Суғд, суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якуми соли 2024 ба намояндагони васояти ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 25779 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 1792 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2312 адад парвандаҳои маданӣ, 5382 адад парвандаҳои оилавӣ ва 13288 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 277 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 87 адад парвандаҳои маданӣ, 158 адад парвандаҳои оилавӣ ва 58 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми нимсолаи аввали соли 2024 ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 46 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2 адад парвандаҳои маданӣ ва 43 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 286 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои барраси гардида, нисбати 272 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 2 357 540 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» 8605 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 745 шахсон огоҳӣ ва нисбати 6678 нафар ба маблағи 1 629 494 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар давраи нимсолаи аввали соли 2024 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 22 432 670 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 128 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 5899 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 378 ва радио 400 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 278 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 1641 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 5289 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

        Суди вилояти Суғд