НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 13 феврали соли 2025 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарият, судяҳо, баъзе раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои он, суди иқтисодии вилояти Суғд ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2024 ба намояндагони ВАО ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 42976 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 3508 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 4457 адад парвандаҳои маданӣ, 11526 адад парвандаҳои оилавӣ ва 19316 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 681 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 189 адад парвандаҳои маданӣ, 336 адад парвандаҳои оилавӣ ва 93 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми соли 2024 њафт маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 69 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 5 адад парвандаҳои маданӣ, 1 адад парвандаи оилавї ва 71 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 516 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои барраси гардида, нисбати 450 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 4 394 730 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» 11 144 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 784 шахсон огоҳӣ ва нисбати 7822 нафар ба маблағи 2 072 897 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар соли 2024 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 42 843 739 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 316 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 2024 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 8600 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 679 ва радио 671 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 539 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 2843 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 8285 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Суди вилояти Суғд