Имрӯз, 7 августи соли 2025 бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-1677 аз 4 марти соли 2005 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарият, муовинон, раисони коллегияҳо, судяҳои вилоят, раиси суди иқтисодии вилояти Суғд ва раисону муовинони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М., намояндагони васоити ахбори оммаро бо натиҷаҳои фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 шинос намуд.
Сипас, намояндагони васоити ахбори омма саволҳои худро пешниҳод карданд, ки ба ҳар яки онҳо аз ҷониби роҳбарияти суди вилояти Суғд ва суди иқтисодии вилояти Суғд посухҳои мушаххас дода шудаанд.