НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 15 феврали соли 2024 дар бинти суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва суди иқтисодии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарият, судяҳо, баъзе раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои он, суди иқтисодии вилояти Суғд ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини раиси суди вилояти Суғд Шерзода Љўрабек Сангинмурод оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2023 ба намояндагони ВАО ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2023 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 34890 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи баррасӣ гардидаанд.

 

Аз ин шумора 3418 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 3884 адад парвандаҳои маданӣ, 11603 адад парвандаҳои оилавӣ ва 11731 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 567 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 165 адад парвандаҳои маданӣ, 331 адад парвандаҳои оилавӣ ва 76 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми соли 2023 чор маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 88 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 7 адад парвандаҳои маданӣ ва 22 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 275 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои барраси гардида, нисбати 260 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 2 039 976 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 3681 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 1245 шахсон огоҳӣ ва нисбати 2261 нафар ба маблағи 471 098 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар соли 2023 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 27 729 870 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 216 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 2023 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 5591 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 620 ва радио 533 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 434 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 2267 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 7189 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

        Суди вилояти Суғд