Оиди муқовимат бо коррупсия

Зуҳуроти номатлуб

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳон бар муқобили терроризму экстремизм, яъне ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда истодааст. Масъалаи ҳамкориҳои дас-таҷамъона дар самти муқовимат бар зидди амалҳои терроризму ифротгароӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарафзо хеле назаррас аст.

Маълум аст, ки масъалаи шомилшавии шаҳрвандон ва, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, содир гардидани амалҳои тахрибкорӣ ва даҳшатафканӣ боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида истодааст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро ба инкори ҳақиқат,  бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро баҳри тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки дар ин раванд, яъне ба мубориза ва набардҳои иттилоотӣ бештару пештар омода гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ  монем. Бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандўстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ-экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшиш-ҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метезонад. Ҳамзамон, ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад буд.

                                                                                                                                                   Бахтиёр Бобоҷонзода, 

                                                                                                                                                   судяи Суди вилоят