ҒОЯИ МУҚАДДАСИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ

FОЯИ МУҚАДДАСИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 200 мамлакати ҷаҳон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, ки ин омил боиси шинохта гардидани кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи ин ҳамкориҳо ва шинохтани кишварҳои дунё тавассути кӯшишҳои беамсоли фарзанди сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст. Пас аз нобасомониҳои зиёд тоҷикон давлати худро таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз нав эҳё намуданд. «Ман ба шумо сулҳ меоварам» — ваъда дода буданд.

Алъон таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиш ва эҳтироми хосаи ҷаҳониён қарор дорад. Истиқлолияти кишвар ва сиёсати сулҳпарварона аз тарафи мамолики мутараққии дунё дастгирӣ ёфта, муносибати давлат ва шаҳрвандон дар асоси қонунҳои қабулгардида амалӣ гашта истодаанд.

Агар ба таърихи дастоварҳои замони соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, сохтмони ГЭС — и «Роғун» падид меояд. Ба истифода додани нақбҳои Анзобу Шаҳристон, ки  Шимолро бо Ҷануб пайваст мекунад, комёбии бузург ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони мо, халқи фарҳангпарвари кишварамон неъматҳои бузурги миллатамон — сулҳу оромӣ, Ваҳдат, иттифоқу якдилиро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунанд, ки ин арзишҳо бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мақсади асосии мо ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст.

 

Ҷӯрабек ШЕРЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд,

 Абдулазиз АБДУХОЛИҚЗОДА,

мушовири Суди  вилояти Суғд