ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати занон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз зумраи инҳост.

Имрӯз дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки нисбати занон нафақат шавҳар, балки падарарӯс низ зӯроварӣ менамояд. Дар натиҷа бисёр оилаҳои ҷавон бо сабаби хушунат пош мехӯранд.

“Оила”-ро ячейкаи хурд ва узви вобастаи ҷомеа меноманд, вале як нуқтаро қайд кард, ки имрӯз мардуми мо чӣ андоза ба оила ва оини оиладорӣ арҷ мегузоранд ва то кадом дараҷа эҳтироми суннатҳои оила ва аъзои оиларо ба ҷо меоранд.

Имрӯз дар аксари оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон хушунати оилавӣ ва зуҳуротҳои ба он монанд зиёд ба чашм мерасанд, ки бештар занон маҳкум ва мутеи шавҳар ва ё дигар аъзои ҳукмрони оила ба мисли хусуру хушдоман мегарданд. Ин, албатта, ба ҷомеа хатар дорад, чунки занро “давомдиҳандаи насл” менаманд ва агар зан беҷуръату тарсу бошад, пас ояндаи ӯ ва фарзандонаш чӣ гуна хоҳад шуд? Зеро фарзанд қариб, ки 90 фисади тарбияро аз модар мегирад ва ҳамарӯза вақти зиёди хешро дар назди модар мегузаронад. Сабаб дар чист, ки рӯз то рӯз падидаҳои ин зуҳурот рӯ ба афзоиш аст ва барои решакан кардани он ҷӣ бояд кард?

Сабабҳои асосие, ки ба хушунат ва зӯровари дар оила ба амал меояд, ин пеш аз ҳама бемаърифатӣ, сатҳи пасти фаҳмиш ва надоштани дониши қазоӣ мебошад.

Барои пешгирии ин падида бояд дар муассисаву корхона ва ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад, зеро “ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад”.

С а т т о р з о д а

Ҳотамшоҳ,

судяи суди вилояти Суғд