ОМИЛИ СОЗАНДА
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми кунунии мо чун ҳуҷҷати барномавӣ мавқеъ хоҳад гирифт. Зеро иқдомҳои бузург доири таҷлили шоистаи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 ду омили муҳим, якум рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дуюм суботмандии фазои кишварро кафолату таъмин менамояд. Дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки буҳрони сиёсӣ фарогири кураи Замин гаштааст ҷомеаи моро зарур аст, ки дорои маърифатнокӣ бошад, яъне саводи ҳуқуқии хешро такмил диҳанд. Бахусус ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеаро ташкил кардаанд. Танҳо дар мавриди ҳушёру худогоҳ будан ба гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ, ҷинояткорӣ маҳфуз медорад. Зимнан, чун бар ниҳодҳо ин падидҳои номатлуб менигарем мебинем, ки онҳо аз гурӯҳҳои бесаводу ноогоҳ, ки ба осонӣ фирефта шудаанд ташкилу созмон гаштаанд. Дар чунин вазъияти мавҷудаи ҷаҳонӣ иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллати мо басо муҳиму саривақтист, ва он ҷомеаро ҳушдорӣ медиҳад. Лиҳозан ин иқдом баҳри устувории рукнҳои давлатдорӣ ва густаришу омӯзиши Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии миллӣ мусоидат месозад.
Бобоҷонзода Бахтиёр, судяи суди вилояти Суғд