Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бузургу тақдирсозест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бузургу тақдирсозест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад.

Чуноне ҳама шоҳидем, дар Паём масъалаи ҷавонон масъалаи меҳварӣ буд. Зеро аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ ҷиҳати боло рафтани маърифатнокии онҳо ва бархӯрдор шудан аз илму технологияи муосир тамоми шароитҳои мусоид фароҳам омаданд, ки ба рушди насли ояндасоз такон бахшид. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни наврасону ҷавонон чеҳраҳои бомаҳорату болаёқатро кашф намуд.

Бо назардошти ин, 26 январи соли равон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзию дақиқ ва табиӣ рӯ овардани наврасону ҷавонон эълони озмуни ҳарсолаи “Илм – фурӯғи маърифат”-ро пешниҳод карданд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар пешорӯи иди фархундаи миллӣ  — ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин маънӣ низ яке аз нуктаҳои муҳими Паём ба ҳисоб меравад. Воқеан, тайи ду соли охир бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ин иди саид корҳои созандагӣ тақвият ёфтанд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус, ободониҳо вусъати тоза касб карданд ва бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъона Ватани маҳбубамон намои тоза гирифта, шукуфонтар гардид. Чун ҳамешагӣ, Сарвари давлат ин дастовардҳоро натиҷаи заҳмати содиқонаи сокинони шарафманди мамлакат арзёбӣ карда гуфтанд: “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат, эътимоди комил дорам.”

                                                          Шарифзода Бадриддин,

                                                          судяи суди вилояти Суғд