ПАЁМИ ПЕШВО – САРМАШҚИ КОРИ МО!
28 декабри соли 2024 дар арафаи соли нав
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат —
Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки чун анъана ба дастовардҳои соли гузошта ва вазифаҳои навбатии
соли минбаъда барои амалишавии ҳадафҳои барномавии мамлакат
дар ояндаи наздик бахшида шуд.
ПАЁМИ ПЕШВО – САРМАШҚИ КОРИ МО!
Тарбияи маънавӣ – ахлоқӣ ва ватанпарастӣ кори басе муҳиму пурмашаққате мебошад, ки ба он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ниёзманданд. Баъди ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши худ тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод.
Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буданду пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад. Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти мамалакат ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нав мебошад. Ин бинои муҳташам нишондиҳандаи қадамҳои устувори Тоҷикистон ба ояндаи пурсаодат ва сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат мебошад. Имрӯз пиру барнои мамлакат барои тамошои ин бино меоянд ва он минбаъд ҷойи тамошобоби сайёҳону меҳмонон мегардад. Бинои нави Парлумон дастоварди бузурги таърихи навини Тоҷикистон мебошад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳкими неруҳои қудратиро муҳим арзёбӣ ва таъкид намуданд, ки сармоягузории назаррас ба заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла хатарҳои фаромарзӣ ва кибертаҳдидҳо самаранок муқобилият карда шавад.
Аҳамияти ин соҳа ба суботи сиёсӣ ва ризоияти иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ зич алоқаманд аст. Зеро барои ҳар давлати оҳибистиқлол тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ зарурати бебаҳс дар замони пурталотуми имрӯза маҳсуб мешавад.
Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароѓатӣ аз он дарак медиҳанд, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд.
Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлатамонро таъкид намуда, роҳҳои амали сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд».
Ин нишони он аст, ким о дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Бовар кунед, он демократияе, ки мо дорем, дар бисёр кишварҳои пешқадам нест. Ҳуқуқбунёд будан – ин ҳимояи ҳама арзишҳои демократӣ мебошад, набояд озодии як шахс аз озодии шахси дигар боло бошад ва манфиати ягон кас аз манфиати давлату миллат боло буда наметавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Абрунисо МИРАСИЛЗОДА,
судяи суди вилояти Суғд