ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ зан – модари  тоҷик мақоми баландеро сазовор гаштааст, зеро саробону сорбонеро чун шахсияти бузург, фарзанди вафодор ва ҷонфидои миллат, ҳомии сулҳу ваҳдати миллат, Сарвари оқилу дурандеш Эмомалӣ Раҳмон дорад.

Таърих гувоҳ аст, таваҷчуҳи Ҳукумат ба занон ва баланд бардоштани мақому манзалати зан худ як бузургӣ ва муҳаббат нисбат ба ин олиҳаи равшанзамири зиндагонист.

Агар ба дунёи ҳастии зан — модар дуруст назар афканем, бо ифтихор ва меҳрубониву садоқат эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат ҳам зан — модари тоҷик аз ҷониби Президенти маҳбубамон шоистаи ин мақоми баданд гардидааст.

Фаъолияти занону бонувон маҳз бо дастгирии Ҳукумат ва Президенти кишварамон маҷрои тоза касб намуд. Зан роҳбари тавоно, соҳибкори муваффақ, ҳомии тартибот, омӯзгори меҳрубон, пизишки кордон, муҳаққиқу олим, чароғи хонадон ва модари мушфиқ аст ва дар ҳама соҳаҳо дастгирӣ меёбад.

Масъалаи фаъолияти занон дар соҳаи хизмати давлатӣ пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, иҷрои босифат ва дарёфти механизмҳои татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои давраи миёна муҳлат самти афзалиятноки фаъолияти сохторҳои калидии давлатӣ буда, пайваста чораҷӯӣ мешаванд.

Мувофиқи таҳлили оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18549 нафар буда, аз ин шумора 4503 нафар (24,2 фоиз) занон мебошанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад 1115 нафар ё 19 фоизанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба хайси Сарвари давлат ба бонувон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷиҳати тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар макомоти давлатӣ, аз ҷумла таъин ба мансабҳои роҳбарӣ мунтазам таъкид намуда, масъалаи мазкурро дар меҳвари сиёсати худ карор додаанд.

Имрӯз дастгирии занон дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карор дорад. Сарвари давлат бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан-модари тоҷик чунин иброз медоранд: «Мо — мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем».

         Нигора Назариён,

         судяи суди вилояти Суғд