Рӯзи Президент – ҷашни бузурги миллӣ

Таҷлил намудани Рӯзи Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан-чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу ҳашомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Инак, чанд сол аст, ки дар кишвари мо низ Рӯзи Президенти ҶТ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургонӣ гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тӯли асрҳо мебошад.

Гарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави мухими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.

Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиклоли мо дар арсаи ҷаҳони, ки ин пайомадҳо, дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷассум ёфтааст.

Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ ва хулосаҳои муаллифон нигарем, ба чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо муҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд:

— хотима бахшидан ба ҷанги тахмилии шахрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз;

 — тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

 — ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

 — иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дитоматияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бануфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;

 — таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, азбайн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ;

 — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ‘Тоҷикистон;

 — таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

 — поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистои дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбй наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатьӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Маҳз бо дарназадошти чунин захматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардидааст, ки мардуми Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн бигиранд.

Зимнан таъкид намудан зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи кишварро ҷумҳурии президентӣ эълом доштааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки интихоби шакли идораи ҷумҳурии президентӣ боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ҳифз гардад, истикдол таҳким ёбад ва давлат соҳиби рушди устувор гардад.

Таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад. Бо таҷлил намудани ин рӯз мардум, пеш аз ҳама, накши Президентро дар рушду инкишофи давлат дарк менамояд. Инчуния, нақши ниҳоди президентиро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллӣ дарк намоянд. Аз ин лихоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи набуда, балки ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти ҳоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Сафаралӣ ҚУРБОНИЁН,

судяи Суди вилояти Суғд