РАҲКУШОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми худро дар Маҷлиси Олӣ ироа карданд, ки ҳар сол чунин ҷамъбасти фаъолият дар охирӣ сол нақша барои соли навин аст.

Дар Паёми мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти пешравиҳои назарраси ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ва дастовардҳои асосии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони истиқлолият дар тӯли 7 соли охир ва бевосита дар соли 2023 бо факту рақамҳои мушаххас манзур гардиданд.

Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои мухталифи кишварро дарбар гирифтааст. Сарвари давлат дар ҳар Паёми худ сараввал дар бораи вазъи сиёсии кишвар изҳори андеша намуда, таъкид медоранд, ки мо имрӯз бояд ба қадри сулҳу дӯстӣ, оромиву осудагӣ расем. Аз ин рӯ ҳар якеро лозим аст, ки барои якдиливу якмаромӣ ва якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми намоёни худро гузорем.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи навину пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Зикр карданд, ки дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ гардида истодааст. Ҳамзамон, Сарвари давдат ба масъалаи дастрасӣ ба адолати судӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки таъмин намудани дастрасӣ ба адодати судӣ ва иттилоот оид ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат мекунад.

Сарвари давлат ҳамчунин оид ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, «ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Фирдавс Ҳусейнзода,

судяи Суди вилоят