РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОНИ МИЛЛАТ

Конститутсия шаҳодатномаи давлат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОНИ МИЛЛАТ

 

Нахустин Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз нигоҳи ҳуқуқӣ волотарин санадест, ки дар худ манфиатҳои давлати тозабунёд ва миллати моро таҷассум намудааст. Бо қабули он (6-ноябри соли 1994) мамлакати мо расман ба ҷаҳон муаррифӣ гашта, дар ҷодаи муносибатҳои муштараки байнидавлатҳои моро эътирофкарда дар асоси баробарҳуқуқӣ созишу ҳамкориҳои манфиатбахш ба миён омада, ҳамзамон суботи ҷомеа таъмин ва амнияти миллӣ поягузорӣ гардид. Тибқи Конситутсия инсон мавқеи баландро дорост ва ҳукуқҳои он дахлнопазир аст, ки кафолатгари ин ҳама давлат мебошад.

Тағйироту иловаҳое, ки дар заминаи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003-юм ва 2016-ум ба он ворид карда шуд боз ҳам онро комил намуда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқат сохта, ҷомеаи ҳуқуқбунёди моро ба даврони ҷадиду мутараққӣ раҳнамунӣ карда истодааст.

Волоияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд фаъолияти парлумони касбӣ дар ҷанбаҳои демократӣ, принсипи гуногунафкории сиёсӣ, таъмини адолати судӣ ва амсоли ин аз омилҳои муҳимтарине ҳастанд, ки мақсаду моҳияти давлати ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистонро дар Конситутсияи мавҷуда амиқан дарҷ кардаанд.

Қобили тазаккур аст, ки мақоми суд ва судяҳо махсус баҳогузорӣ гардидааст, ки ин далели эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад.

«Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.» (Боби 8; Моддаи 84)

Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ карда шудааст. Онҳо мустақиланд ва фақат ба Конситутсия ва Қонун бояд итоат намоянд. Ин маънӣ дар моддаи 87 боби 8 омадааст. Ҳамчунин Суди конситутсионӣ ҳамчун мақоми ҳокимияти судӣ оиди ҳифзи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод шуда, бо мақсади таъмини волоияти меъёрҳои Конситутсия ва амали бевоситаи он дар ҳудуди кишвар ва ҳифзи Конситутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст.

Дар маҷмӯъ арзёбии чунин Конситутсияи ҳуқуқбунёд муҳимтарин ҳодисает, ки дар таърихи халқи тоҷик рух додааст, ки он баробари пояҳои низоми давлатдории миллиро устувор сохтан дар сатҳи инкишофи иҷтимоиёту иқтисодиёт, сиёсиву фарҳангии ҳаёти кишвар нақши наву шоистае гузошт.

Ин санади тақдирсоз дар ҳаёти ҳар яки мо аҳамияти бузург дошта, тақозо мекунад, ки мо сараввал талаботҳои онро риоя намоем ва эҳтиромашро доштан бошад қарзи шаҳрвандии мо хоҳад буд. Наслҳои фардо рӯзе ифтихор хоҳанд кард бо чунин китоби бахт, зеро чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади худ таъкид намудаанд «Конситутсия ҳамчун дастоварди бузурги Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ. хуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.»

 

ОҚИЛЗОДА БАХТИЁР ДАВРОН, РАИСИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Маҷаллаи “Моҳтоб”