Равшангари роҳи фардо

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сармашқи кори ҳар яки мост, зеро он тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқро дар бар мегирад. Дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» суханҳои судбахш ва таъкидҳои саривақтӣ карданд. Паёми Президенти кишвар натанҳо сармашқи кори мо, балки меҳвари пешбарандаи ҷомеа аст.

Ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии ‘Гоҷикистон гуфта метавонам, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи самтҳои муҳими ҷомеа, сохтору вазоратҳо ва мақомоти давлатӣ як ҳуҷҷати тавсиядиҳанда ва барномавӣ мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гаштани таъкидҳои дар Паём ҷойдошта Тоҷикистон ба дастовардҳои аз ин ҳам назаррас ноил ва вазъи зиндагии сокинони кишвар беҳтар шуда, фазоӣ созандагиву ободкорӣ давра ба давра хубтару беҳтар мегардад.

Дар Паёми худ Роҳбари давдат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиклолияти миллй, ягонагй ва тамомияти арзй, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор додаанд. Бояд ҳар яки мо донем, ки тақвият бахшидани фаъолияти тамоми соҳа кори дастаҷамъонаи мо, ҳамватанон аст.

Ҳоло, ки зиддиятҳо дар дунё бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам шиддат ёфтаанд, таъмини ҳадафҳои давлатӣ мушкилтар мегардад. Бинобар ин, танҳо дар сурати ҳифзи сулҳу ваҳдат, суботи иҷтимоӣ пешрафти кишварро таъмин карда метавонем. Аз ҷониби дигар, вазъи мураккаби баъзе аз минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадри сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватан талош варзад.

Волоияти қонун дар ҳамаи давру замон чун шарти асосии пешбурди зиндагӣ маънидол. мешавад. Зеро ба вуқӯъ пайвастани таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангй риояи меъёру талаботӣ ҳуқуқиро тақозо дорад. Тараққиёти ҷомеа дар ҳама бахшҳои давлатдорй низ танҳо дар доираи қонунҳои ҷорӣ воқеӣ ва бобақост. Чунки ҷавҳари ҷомеаро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.

Мақомоти судҳои кишвар низ дар пайравии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат фаъолияти худро танҳо тавассути шаффофиятӣ ба роҳ мондааст, ки ин барои боз ҳам хуб, дақиқ ва намунавӣ шудани кори мақомоти судӣ мусоидат мекунад.

                                                                                    Судяи суди вилояти Суғд

Бобокалонзода Завқиддин