РИОЯИ ҚОНУН-ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як зумра ҷашн ва маросими манфӣ, ки аслан барои фарҳанги миллию динии мо бегона буданду дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гашта буданд, аз байн рафта, ҷашну маросими маҳз миллӣ нигоҳ дошта шуд.

Чи хеле Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр намуданд, қабули Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.

Аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти инсон ва шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.

Яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ мегардад. Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар баробари қабули қонуни алоҳида дар ин самт аз ҷониби давлату ҳукумат як зумра чораҳои дигар низ амалӣ гардидааст. Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани тадбирҳо имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки дар баргузории ҷашну маросим хароҷоти мардум дар муқоиса то давраи қабули Қонуни мазкур чандин маротиба кам гардидааст. Ба оилаҳо имконият фароҳам оварда шуд, то ҷашну маросим бе сарфи маблағи зиёд барпо гардад. Қонуни мазкур дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузории маъракаороӣ мусоидат кард ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҳазорҳо оилаҳо нақши муассир гузошт.

Қонун аз як ҷиҳат меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маросим пешбинӣ карда, аз ҷиҳати дигар, чун василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат мекунад. Дар доираи амали меъёрҳои Қонуни мазкур қисми зиёди ҷашну маросим ихтисор гардида, имрӯз танҳо чанд номгӯйи онҳо боқӣ мондааст, ки дар ниҳояти камхарҷию бонизомӣ барпо мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлат амалишуда, ҳар як шаҳрванди соҳибватан ва бонангро зарур аст, то муқаррароти қонунгузориро риоя намуда, фарҳангу таърих, забону маънавиёт ва дигар мероси бебаҳои ниёгони худро пос дорад ва дар даврони зиддияти манфиатҳо гирифтору побанди равияҳои гуногуни манфӣ нагардад. Зеро, танҳо бо роҳи риояи қатъии муқаррароти қонунҳои қабулгардида таъмини зиндагии шоистаи мардум имконпазир мегардад.

Нигора НАЗАРИЁН,

судяи суди вилояти Суғд