РОҲСОЗИ ЗИНДАГӢ

Таърих гувоҳ аст, ки Сарвари давлат барои аз вартаи нобудӣ баровардани тоҷикон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии мардуми кишвар, эҷоди ҳусни тафоҳуми тамоми гурӯҳ ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд.

Дар Паёми навбатие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои солҳои охири мамлакат, аз ҷумла соли 2021 ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.

Дар ҳар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таҳлили ҳамаҷониба меёбад. Барои таҳкими волоияти қонун дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ қадам ниҳод. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобаста гардид. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ кардани қонунҳои нав, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.

Ба шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари дурандешу тавоноямон имконпазир гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мӯҳлати кӯтоҳ сулҳу суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ пойдор гардад. Халқи шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати ҷовидонӣ, муаррифгари таъриху тамаддуни ниёгон ва болотар аз ҳама амалисозандаи орзуву омоли худро мебинад.

Ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи бевоситаи кормандони мақомоти қудратии кишвар аст. Аз ин ҷост, ки онҳо дар фаъолият ба аҳли ҷомеа намуна бошанд.

Имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон ташаннуҷбор аст, аммо ақли солим нахоҳад гузошт, ки дигарбора хоинони миллати тоҷик ба сари мо рӯзҳои бадро оваранд. Инчунин, дар Паём ишора гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бархе шаҳрвандон ин пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб аст.

Дар Паём ҳамчунин нақши мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амалигардонии мақсадҳои дарпешистодаи онҳо бояд, ки кафолати адолати судӣ дида шавад.

Мо сабабҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, бинобар ин Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд. Дар ин раванд мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат таҷассумгари пешравиҳои имрӯзу фардои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он умеду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон қавитар мегардонад.

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ,

муовини якуми раиси

суди вилояти Суғд