САМАРАИ НЕКИ ИСТИҚЛОЛ
Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябри ҳамон сол расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Воқеан чун ба таърихи тамаддуни халқи хеш назар меафканем, возеҳ мебинем, ки ниёгони мо чи заҳматҳоеро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва истикдолияти давлатӣ кашидаанд.
Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ- демократии ҷумҳурӣ барои истиқлоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.
Солҳои соҳибистиқлоли барои мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вакт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёздорем. Ин нуқтаро Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Агар дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти миллӣ дар вазъияти ором ба миён омада бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиклолияти миллии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охмр пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иктисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавкеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии Сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини Ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.
Бешубҳа, самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Ва бошад, ки иди муқаддаси Истиқлолият, барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Назариён Нигора, судяи суди вилояти Суғд