ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

Воқеан Истиқлолият неъмати бебаҳову беназири мост. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст,  ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро рушду такомул медиҳад.

Бешак соҳибистиқлолӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст.  Хушбахтии миллати мост, ки халқи тоҷик номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хос ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳони муосир пайдо кард. Имрўз набзи давлату миллати мо бо  набзи сайёра ҳамсадост.

Миллати тоҷик дар остонаи таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлоли миллӣ талоши пайвастаи  ободкорӣ дорад. Рамзҳои асосии давлати мо Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Пули миллӣ мебошанд. Фарзандони миллат дар Қувваҳои Мусаллаҳадои хизмати Модар-Ватан мекунанд.

Имрўз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихор аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият иншооти бузурги кишвар, сохтмонҳои НБО-и «Роuун», «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кўлоб» ифтихор дорад. Сарсабзиву ободкориҳо дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шоисти тавсифу таҳсин аст.

Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ  ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи сиёсии ҳуқуқӣ он фарогири   принсипи ҳокимияти халқӣ (моддаи 6), принсипи волоияти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти ҳокимият (моддаи 9) мебошад.

Истиқлолият буд,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ  эҳё шуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт. Бо шарофати ба таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ асос гузошта шуд.

Фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри пешрафти соҳа тадбирҳои мушаххасу пурсамар роҳандозӣ гаштанд.

Қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар се марҳала ба шаклгириву тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ нақши амиқ мешаванд.

Бояд гуфт, ки намояндагони мақомоти судӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар таҳия ва қабули минбаъдаи кодексу қонунҳо фаъолона саҳм гирифта, дар тарuибу ташвиқ ва беҳтар намудани маълумоти ҳуқуқии сокинон тариқи васотити ахбори омма саҳми босазо доранд.

Имрўз баъди сипарӣ гардидани 29 соли Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии кафолатбахши амнияту осоиш, Асосогузори сулҳу ваҳати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мутмаин ҳастем,  ки ба қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ мерасем.

Исмоил РАҲМАТЗОДА,

муовири раиси суди вилояти Суғд