СОҲИБИ МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ ҲУҚУҚӢ БОЯД БУД

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ ҳастанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад.

Сабабҳои шомилшавии бархе сокинон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудаҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуи бештар дошта бошад. Дар ин ҷода қабл аз ҳама, пешгирии роҳи тавъам сохтани миллати мо бо миллатҳои наздик ва мазҳаби динии мо бо мазҳаби динии исломӣ, ки онро ҳамчун василаи фиреби наврасону ҷавонони мо ва бегонашавии онҳо истифода мекунад, зарурат дорад.

Зеро тавре, ки маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозорҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашад.

Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккурии миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намуднаи насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба Ватан, мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ ва зандагии шоиста эътимоди комил дошта бошем.

Зикр намудан бамаврид аст, ки иддае шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд ва ба қавле, каме беаҳмиятӣ, беназоратӣ, ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд. Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадааст. Чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд.

Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем. Зеро ин ободию осоиштагӣ ва ҳам гулгулшукуфоии Ватани азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

       Исмоил РАҲМАТЗОДА, 

муовини раиси Суди вилояти Суғд