ТАҲКИМБАХШАНДАИ РОҲИ РУШДИ МИНБАЪДАИ МАМЛАКАТ
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӯ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравию камбудии ин ё он соҳаро зикр карданд, нисбати ислоҳаш дастуру супоришҳо доданд. Бо як сухан дар Паём вазъи феълии мамлакат дар тамоми самтҳои зиндагӣ мавриди баррасию таҳлил қарор гирифт. Паёмро метавон ҳисоботи Ҳукумати мамлакат, Роҳбари олимақоми давлат ба органи олии қонунбарори мамлакат ва ҳамзамон ба мардуми кишвар ҳисобид.
Аммо, ман мехоҳам дар бораи оне фикру мулоҳизаи худро баён созам, ки марбут ба фаъолияти касбу корам аст. Мову шумо шоҳиди бисёр ташаббусу иқдомҳои неки Роҳбари давлат чӣ дар сатҳи ҷумҳурию чӯ дар сатҳи байналмилалӣ ҳастем. Дар ин радиф бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ соли 2024 эълон шудани соли маърифати ҳуқуқиро ба истиқболи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуқуқшинос айни муддао ва басо заруру саривақтӣ меҳисобам.
Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқукӣ барои солҳои 2020 — 2030 амалӣ шуда бошад ҳам, тавре Роҳбари давлат қайд карданд, дар ҳақиқат маърифати ҳуқуқии на ҳамаи шаҳрвандони мо дар сатҳи зарурӣ аст. Мо ҳуқуқшиносон инро дар фаъолияти ҳаррӯзаи кориамон мебинем. Дуюм, тавре Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карданд, имрӯз зумраи шаҳрвандони мо бинобар ба таври бояду шояд надонистани ҳуқуқи худ ба мушкилиҳо, гоҳо ба мушкилиҳои сахт дучор меоянд, дар ҳалли он муаммо ба сарашон ташвишҳои зиёд меафтад.
Дар қонунгузорӣ гуфта мешавад: надонистани қонун масъулият, ҷавобгариро соқит намекунад. Яъне, ки аксар ҳолат шаҳрвандон аз надонистани қонунҳои амалкунанда ин ё он ҷиноят содир мекунанду вақти пурсишу мурофиаҳои судӣ одатан мегӯянд, ки «мо нафаҳмида мондем, ки қонугузорӣ манъ кардааст». Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат соли 2024-умро соли боло бардоштани маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Аммо, ҳаминро низ бояд гуфт, ки татбиқи сифатноки ташаббуси Пешвои муаззам аз чӣ тавр ба роҳ мондани чорабиниҳо бо ин мақсад вобастагии калон дорад. Ба андешаи ман дар ин ҷода бояд ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошад, хусусан, мо ҳуқуқшиносон ва мақомотҳои зарурӣ, ки бо татбиқи қонунгузорӣ сару кор доранд. Ман гумон мекунам, ки мо бояд корҳои тарғиботию ташвиқотиро байни, аҳолии оддии мамлакат пурзӯр созем, ки инро худи Пешвои миллат дар Паёмашон дастур доданд. Албатта, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мо метавонем дар риояи бечунучаро ва татбиқи бандҳову талаботҳои Конститутсия, ки онро «Бахтномаи миллат» ҳам мегӯянд, ҳиссагузор бошем.
Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа ва пешрафти давлату миллатамон дар Паёми худ чунин иброз доштанд: Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем…
Табиист, ки баъди шунидани Паём бештари фикру мулоҳизаҳо бобати баланд бардоштани музди меҳнат ва ҳадди ниҳоии маошу нафақаи аҳолӣ баён мешаванд. Албатта ин дуруст аст. Беҳуда бузургони гузаштаи мо «аввал иқтисодиёт баъдан сиёсат» нагуфтаанд. Аз ин рӯ, гуфтанӣ ҳастам, ки оғоз аз 1 июл соли равон нафақаҳои сугуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоизи аз андозаи муқарраргардида зиёд шудан», ҳамзамон аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардидан, инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шудану ниҳоят аз 1-умӣ июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шунадаш далели раднопазири на танҳо болоравии иқтисодиёти мамлакат, дар як вақт ғамхори ҳақиқии халқ будани Ҳукумати мамлакат ва хоса Пешвои муаззами миллат нисбати мардум худ мебошад.
Соли чандум аст, ки мову шумо ҳамасола Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар оинаи нилгун тамошо мекунему аз радио гӯш мекунем. Ба андешаи ман Паёми имсола аз тамоми Паёмҳои пешин басо ҷолибу муассир ва бо шарҳу тавзеҳҳои ҳар банди он буд. Дар Паёми имсола бори дигар махсус таваҷҷӯҳ зоҳир кардан ба мақому манзалати зан-модар шаҳодати эътибору эътимоди Роҳбари олимақоми мамлакат ба ин табақаи ҷомеа аст. Боиси тазаккур аст, ки дар мақомоти судии вилоят низ бонувон кору фаъолият дошта, дар таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун саҳмгузор мегарданд. Бубинед, чӣ гуна суханони воломақом дар бораи занони кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами мо садо доданд: Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст…
Дар ин радиф ба насли ҷавон рӯ оварда суханони пурҳикмат, насиҳати падарона карда изҳор доштанд, ки «падару модари худро азизу мукаррам доред, ба қадри онҳо бирасед, дар қайди буданашонро ғанимат донед, ки пагоҳ чун аз дунё мераванд, дер мешавад… Ҳарчӣ имрӯз шумо нисбати падару модари худ мекунед, пагоҳ фарзандони шумо ҳамон гуна ба маротиб зиёд муносибат хоҳанд кард… Сад афсус, ки имрӯз гоҳо мо шоҳиди беҳурматии фарзандон нисбати падару модаронашон мешавем, ки ин барои миллати бофарҳанги тоҷик ору номус аст. Дар байни парвандаҳои ҷиноии баррасишаванда он ҷиноятҳое низ ба назар мерасанд, ки фарзандони ноқобил нисбати волидони худ беэҳтиромӣ ва ҳатто бераҳмӣ низ содир кардаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ягон аз миллату халқиятҳои оламро бузургонаш монанди мо панду насиҳат бобати риояи одобу ахлоқи инсонӣ ва арҷгузори ба падару модар накардааст, ки бузургони мо кардаанд.
Дар ниҳоят гуфтаниам, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бозгӯи хиради сиёсии Сарвари давлатамон аст. Паёми навбатӣ роҳи рушди минбаъдаи кишварамонро таҳким мебахшад, давлат ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии мардумро баланд мебардорад, диёри арҷмандамонро равшану пурзиё мегардонад.
Мирзошариф ҲОҶИЗОДА,
раиси Суди вилояти Суғд