ТАДБИРҲОИ НИШОНРАС АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ
Терроризм ва экстремизм сарчашмаи ҷаҳолат, торикию вайронӣ, харобкунандаи ақлу хирад, тиракунандаи фазои орому осудаи зиндагӣ баҳри инсоният мебошад. Мақсади асосии терроризм дар ҳолати нооромӣ нигоҳ доштани аҳодии осоишта буда, барояш мафҳуми адлу инсоф, раҳму шафқат бегона аст.
Нобасомониҳои имрӯзаи ҷаҳон, истифодаи зӯрӣ ва яроқу аслиҳа ба ҷойи гуфтушуниди мусолиҳатомез аз ҷониби баъзе давлатҳо ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Пешгирӣ, решакан ва аз байн бурдани терроризм муттаҳид будану аз як гиребон сар баровардани ҳама қувваҳои солими ҷамъиятро тақозо дорад. Вазъияти хатарноки имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик ҳар инсони соҳибақлро ба фикру андеша водор менамояд. Муборизаи оштинопазири зидди терроризм амалиёти якҷояи тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро метадабад.
Тоҷикистон дар ин радиф дар сафи пеш қарор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрӣ дар самти маърифатӣ-ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади таъсир расонидан ба шуури ҷавонон, роҳ надодан ба ҷалб шудани онҳо ба ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амадӣ мекунад.
Азбаски ташкилоту созмонҳои ифротӣ бо ваъдаҳои бардурӯғ бештар ҷавононро роҳгум ва ба сафи хеш ҷалб менамоянд, моро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсонпарварӣ, оштинопазир будан нисбат ба ҳама гуна падидаҳои номатлубу муғризона ва бегонапарастӣ тарбия намоем.
Онҳоро ба донишандӯзӣ, машғул шудан ба варзиш, тарзи ҳаёти солим раҳнамун созем. Муҳайё намудани шароиту имконияти меҳнату истироҳат, ҷойҳои корӣ, тайёр кардани ҷавонон ба касбу корҳои дар бозори меҳнат талаботдошта, дастрасӣ ба ҳунаромӯзӣ, мавҷуд будани муҳити солими оилавӣ ба манфиати кор мебошад.
Бояд ақлу хирад, маърифату дониш, ташвиқоту тарғиботи нишонрасро ба терроризму экстремизм муқобил гузорем. Зиракии сиёсӣ доштани ҷавонон яроқи асосӣ, садди мустаҳкам ва пурқувватест алайҳи терроризм.
Садорат МАЗБУТЗОДА,
мутахассис-мушовири Суди вилояти Суғд