ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД МЕХОҲАД!
Таълиму тарбияи дурусти фарзандон,
манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 7 бобу 24 модда иборат буда, он муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Дар моддаи 21 оиди пешгирии ҳуқуқвақронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак чунин омадааст:
- Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадоранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва тавонбахширо бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, инчунин ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунандаро амалӣ намоянд.
- Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва содир шудани амали номатлуб нисбат ба кӯдак, инчунин дар мавриди муайян шудани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.
Дар ҳақиқат саҳланкорӣ дар таълиму тарбияи кӯдак сабаби он мешавад, ки фарзанд ба роҳи бад меравад. Яке шомил ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад, дигаре ба дуздию ғоратгарӣ ва дигар корҳои номашрӯъ даст мезанад. Дар натиҷа волидон дар назди ёру дӯстон ва хешону аҳли ҷомеа шармсору сархамидаю мазамматшаванда мешаванд. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки фурсатро ғанимат шуморида, дар таълиму тарбияи босазои кӯдакон ҷидду ҷаҳди бештаре сарф намуда, доим сарбаланду саодатманд бошем. Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии ҳар як фард дар ҷомеа доштани фарзанди солеҳ мебошад.
Дар моддаи 22 Қонуни мазкур оиди чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак гуфта шудааст, ки аз инҳо иборат мебошад:
1) гузаронидани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак;
2) баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак;
3) ташкил намудани “Рӯзҳои падару модар” дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кумаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модарон;
4) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонидани падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак муваффақона иҷро менамоянд;
5) андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи кӯдакон;
6) доир намудани суҳбатҳои пешгирикунанда;
7) роҳандозии корҳои инфиродӣ бо падару модар;
8) бо тартиби муқарраргардида муваққатан гирифтани кӯдак аз падару модаре, ки уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани хатар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак;
9) андешидани чораҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ кардааст.
Ҳар як падару модар дар ба камолрасии фарзандони хеш худ бояд намунаи босазое бошанд. Дар таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро тарбия намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизамон шудаанд. Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар қабл аз таваллуд оғоз шуда, фароҳам намудани муҳити солимеро барои фарзандон тақозо мекунад.
Фируза Аҳмадзода,
Судяи суди вилояти Суғд