ТАРБИЯРО АЗ МАКТАБ БОЯД ОҒОЗ КАРД

Имрӯз вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна касро ба андеша водор месозад. Дар кишвар фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятӣ ин зуҳуроти номатлубро ба вуҷуд овард.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ба фаъолияти мӯътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терро­ризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аст, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад, чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт алоқамандӣ дорад.

                             Мафтуна Раҳматиллозода,

судяи суди вилояти Суғд