ТАШАККУЛИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Имсол кишвари азизи мо 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт. Истиқлолияти давлатӣ дар воқеъ ҳодисаи таърихиест, ки барои миллати соҳибтамаддуни мо роҳ ба сӯи масири давлатдории навинро кушод. Ин воқеаи таърихи баҳри миллати азияткшидаи тоҷик имконият фароҳам овард, то ин ки як ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократиро бунёд гузорад.
Вобаста ба истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: ки “ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем. Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.”
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқиро ба миён гузошт. Аввалин санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибихтиёр Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991, №392 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мебошанд, ки вазъи муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишварро ба куллӣ тағйир дода, ба рушди онҳо заминаи воқеӣ фароҳам оварданд.
Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона ба роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки дар роҳи дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро пеш гирифта, ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо, як қатор пешравиҳои назаррас ба даст оварда шаванд. Дар ин замина аввалин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар самти ба танзим даровардани фаъолияти мақомоти судӣ аз санаи 10-уми марти соли 1992 бо Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд. Дар ҳамин радиф барои амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфтанд.
То ба имрӯз бо талошҳои хирадмандонаи Сарвари давлат вазъи таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, зина ба зина беҳтар гардида, ҳамчунин тавассути мукаммал гардонидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ нақши ҳокимияти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ боз ҳам муассиртар мегардад.
Исмоил ДАВЛАТЗОДА,
судяи суди вилояти Суғд