ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 28 августи соли 2025 муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода А.С. аз толорҳои маҷлисгоҳи навтаъмиру навсозишудаи суди вилояти Суғд боздид намуданд.

Зимни боздид муовини Раиси Суди Олии аз сатҳу сифати корҳои таъмирӣ ва шароити нави муҳайёгардида барои фаъолияти кормандони суд шинос гардида, қайд намуданд, ки беҳтар намудани муҳити кории яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳавӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми боздид, муоивни Раиси Суди Олӣ изҳори боварӣ намуданд, ки бо истифодаи самарноки имкониятҳои фароҳамгардида, кормандони суди вилояти Суғд минбаъд низ фаъолияти худро дар рӯҳияи баланди масъулиятишиносӣ садоқат ба қонун ва адолатпешагӣ ба роҳ хоҳанд монд.