ТЕРРОРИЗМ хатари ҷаҳонист!

ТТЭ ҲНИ – ГИРИФТОРИ НАФРИНИ БАШАР!

ТЕРРОРИЗМ хатари ҷаҳонист!

 

ТЕРРОРИЗМ яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, на танҳо характери миллӣ, балки байнал- халқӣ дорад. Амалҳои террористӣ гуногуншакл буда, онҳоро ду унсур ба ҳам муттаҳид месозанд.

Терроризм, қабл аз ҳама, ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳолӣ ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, бе ҳимоя бо роҳи фишору зӯроварӣ равона карда мешавад. Мубориза алайҳи терроризм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.

Хусусияти фарқкунандаи терроризм хавфи оммавӣ доштани он аст, ки дар натиҷаи амалиёти барои ҷомеа хатарнок ва ё тахдид барои ба миён овардани ҳамин гуна хатар ба миён меояд. Хатари оммавӣ дар ин ҳолат воқеӣ буда, ба доираи номуайяни одамон ра-вона мешавад.

Дигар хусусияти терроризм иҷрои ошкорои он дар ҳузури умум мебошад, яъне терроризм бе ҳеҷ шакку шубҳа як навъи зӯроварист, ки бар зидди омма равона шуда, амалиёти ҷиноятие, ки баромади номуайян дорад ва таҳқиқу муайян намудани он мушкилиҳои беш- тар дошта бошад, ҳам, эҳтимолияти амалиёти террористӣ будани он бештар мегардад.

Амалиёти террористӣ ва умуман терроризм аз дигар навъи ҷиноятҳои барои ҷомеа хатарнок ва бамиён оварандаи тарсу таҳлукаи омма бо он фарқ мекунад, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ тарсу таҳлука худ ба худ не, балки дар муҳити иҷтимоӣ мақсаднок ва махсус ба миён оварда мешавад.

Ба гурӯҳи ҷиноятҳои тамоюли террористидошта терроризм, амалиёти террористӣ ва дигар ҷиноятҳои ба он наздик шомиланд, ки онҳо ошкоро сурат гирифта, бо мақсади таъсир расонидан барои қабул намудани ин ё он қарор ва ё даст кашидан аз ин ё он қарор сурат мегирад. Дар чунин шароит ҳар як кишвар хусусан, давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кӯшиш мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд на танҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту якум табдил ёфтааст, ки онро мо ҳар рӯз тариқи ахборҳои оммавӣ, ки дар хориҷи кишварҳо рух медиҳанд, мебинем ва вазифадор ҳастем, барои пешгирии ин ҷиноятҳои мудҳиш мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист — ҷинояткор буда, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиди ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Муборизаи якҷоя ва дастҷамъонаи мардуми мо ин эмин нигоҳ доштани сайёра, минтақаҳои аҳолинишин аз офати чунин ҷиноятҳои мудҳиш мебошад ва мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомоти қудративу судӣ бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон гашта, бо терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ки вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, оштинопазирона муборизаи қатъӣ барем ва Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм аз чунин хатарҳо ҳимоя намоем.

 

 

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА,

раиси Суди вилояти Суғд