Терроризм Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст

Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд. Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро хушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянду ба донишомӯзӣ рӯ оваранд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳони ба вуҷуд меояд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм ин аз сатҳи пасти динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеъи, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, хусумати шахси роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ, паймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Зикр намудан ба маврид аст, ки шаҳрвандони дар муҳоҷироти меҳнати қарордошта яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятбои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.

Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки пешгирии ин гуна равандҳои номатлуб бояд доимӣ тавассути кор бо фаҳмондадиҳӣ байни мардум сурат гирад. Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда,  инчунин давлатҳои оламро барои муттаҳид шудан дар ин кор даъват менамояд. Аммо барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асоси амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравд. Барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти экстремизм ва терроризм аз воситаву имкониятҳо бояд истифода бурд.

Бархе муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар давлатҳо ба доими фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд. Онҳо ҷавононе ҳастанд, ки саводи динӣ кофи надоранд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ,  ҳувиятӣ миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем.

Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон гуногун аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд.

 

Абдулазиз АБДУХОЛИҚЗОДА

Мутахассис-мушовири

Суди вилояти Суғд