ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА СУЛҲ
Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амлӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.
Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намудаанд: “Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳилаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд”.
Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла, ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар барорбар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо қарор дошта бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомувафаққият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст. Зери насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтироъкорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.
Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.
Сиёсати мувафаққи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону сазандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.
Нигора Назариён,
судяи суди вилояти Суғд