ВАҲДАТ ИН САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ
Аз рӯзи ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» дар кишварамон расо 26 сол сипарӣ гардид. Бешак, ин бузургтарин рӯйдоди таърихӣ ва дастоварди миллати сарбаланди мо мебошад. Ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсозро «Наҷоти миллат» ном мебаранд. Баҳри ба имзорасии ин ҳуҷҷати нодир хизматҳои пайвастаю беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпарасту шоиста, оқилу фархунда, некному ҷонфидои халқу миллат ва сулҳу озодипараст бениҳоят бузург аст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки рўзи 27 июн соли 1997 ба имзо расид, умеди мардуми тоҷикро ба зиндагӣ дубора эҳё кард. Мардуми сарсонгаштаю ҷангзадаи мо аз парешонию дарбадарӣ ба худ омаданд ва зиндагии сазоворро пайдо намуданд.
Ҳамеша Сарвари маҳбубамон таъкид бар он мекунад, ки «Мо набояд он рӯзҳое, ки ба сари миллати тоҷик омада буд фаромӯш кунем, ҳамешагӣ ба қадри сулҳу суботи ватанамон — Тоҷикистон бирасем ва аз он шукрона кунем».
Ваҳдат ин рамзи иттиҳоди ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақиқат ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи ҷомеа саодати миллати мо мебошад. Маҳз тавассути ваҳдати миллӣ рушду нумӯи кишвари тоҷикон таъмин гардид. Ваҳдатро метавон пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон номид ва аз мустаҳкамии ин пойдевор ояндаи миллати тоҷик сахт вобастагӣ дорад. Ваҳдату якпорчаги Тоҷикистон арзиши баланди Созишномаи сулҳи тоҷикон ва мусолиҳаи миллӣ, пурра бедор сохтани эҳсоси ватандориву миллатдӯстӣ мебошад.
Сулҳ, оштиву фарзонагӣ ва якдигарфаҳмӣ толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳмӣ, покнинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Маҳз Ваҳдат боис шуд, ки душвориҳо в а монеаҳо паси cap шуданд, рузгори мардум ру ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон бо сарвари ваҳдатофараш ҷониби тараққиёт шуд.
Дар ҳақиқат Ваҳдат шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад. Тоҷикистони мо низ дар радифи давлатҳои сулҳофар имрӯз шаҳди Ваҳдат мечашад.
Шуҳратҷон Маҳмадназарӣ,
судяи суди вилояти Суғд