ВАҲДАТ ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР

Соҳибихтиёрии ҳар як кишвар аз се омили асосӣистиқлолият, сулху субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа бастагӣ дошта, ин арзишҳои бузургу мукаддас зербино ва асоси тараққиёти мамлакат мебошанд. Бо шарофати саъю кӯшиши пайвастаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун  давлати сулҳпаравар муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷахон дарси ибрат гардид.

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз чунин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро эътироф кардааст.

Баъди гузашти айём, дастовардҳоро дар роҳи Ваҳдати миллӣ таҳлил намуда хулоса кар­дан мумкин аст, ки миллати тоҷик дар самти сулҳофарӣ ба ҳадафи олии худ расидааст.

Барои ҳар як давлату халқ сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард мебошад, бидуни ваҳдати миллӣ ба рушди иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидан амри маҳол аст. Халқи тоҷик хушбахтона, роҳи дурусти тараққиёти худро дарёфт, ба фикри мо амалӣ намудани равиш ва усулҳои ҷараёни сулҳофарӣ дар ҷумҳурӣ, xoмуш  намудани ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи худро ёфтааст.

Баъди бомуваффақият ҳаллу фасл гаштани низои дохилӣ Тоҷикистон на танҳо давлати соҳибистиқлол гашт, балки аъзои комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Баъди ба имзо расидани созишно­маи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон узви бузургтарин созмонҳои молиявиву-иқтисодии ҷаҳонӣ гашта, бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ-иқтисодӣ барқарор намуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлате табдил ёфтааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ дар Тоҷикистон сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва ҷумҳурӣ устуворона баҳри рушди минбаъда қадам мегузорад.

Дастовардҳои Ҷумхурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи мамолики хориҷӣ гардид. Доири рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд.

Моро зарур аст, барои ҳифзу нигаҳдошти сулху субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намо­ем. Дар баробари арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои Миллат мебошад, доимо ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ва барои пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар бикӯшем. Пайваста талош   намоем,  ки пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар қалбу шуури ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол таҳкиму тақвияти ёбад.

                                                                   Наргис НАБИЗОДА,

                                                                    судяи вилояти Суғд