ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАВАНДИ БЕБОЗГАШТ

28 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвар аз ҳавои беғубори  сулҳу ваҳдати миллӣ нафас мекашанд. Тоҷикистон, ки дар ин лаҳзаҳо нав ба Истиқлолияти миллӣ расида буд, чи рӯзҳоеро аз сар гузаронид. Ҳам шодиву фараҳ дошту ҳам нобасомонии  рӯзгор онҳоро ҷилавгирӣ мекард. Моро дар ин лаҳзаҳои басо хотирмон, ки мардуми кишвар ин санаҳои муҳими кишварро бо як хушнудии беандоза таҷлил менамоянд, бевосита саҳфагардон намудани таърихи ин санаи фархунда бароямон басо муҳим аст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагии кишвар имрӯз моро ба ҳам оварду чунин рӯзи нек насиби мардуми азиятдида гардид. Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муқаддас бо ҳарфҳои заррин абадан сабт гаштааст. Маҳз, ин сана дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги таҳмилии бародаркуш хотима гузошт.

Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тeлонӣ ба даст омад. Дар чунин шароити тақдирсоз баҳри ҳарчӣ зудтар аз нав барқарор намудани ҳаёти иқтисодию иxтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифз доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоxикистон роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму фарҳанг ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси наҷиб оид ба ташкили «ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» баромад намуданд. Дар бораи аҳамияти санади тақдирсози сулҳ Президенти кишвари соҳибистиқлоламон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор гуфтаанд: «Созишномаи  истиқрори сулҳ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомeзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринӣ роҳандозӣ намуданд. Расидан ба Ваҳдати миллӣ назари мардуми оламро ба сокинони диёри мо дигаргун сохт ва боиси ҳамкориҳои судманди иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва бунёдкориҳои беназир гардид. Воқеан, Ваҳдати миллӣ мардуми парешонгаштаро ба ҳам овард, гурезагонро ба ватан баргардонд, Тоҷикистонро ватани сулҳу сафо хонд. Маҳз туфайли ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба як ватани ободу зебо, орому осоишта ва бунёдкору созанда табдил ёфт. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз туфайли Ваҳдати миллӣ ва эҳё Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Бахтиёр БОБОҶОНЗОДА,

Судяи Суди вилоят