Ваҳдати миллӣ: РОҲ БА СӮИ МУЗАФФАРИЯТҲО
Дар Ватани азизи мо сулҳу Ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад ва чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳавд овард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Ба шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз шуд, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ оғоз ёбад.
Дар хусуси аҳамияти таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфта, ҳаминро таъкид кардан мехоҳам, қи ба шарофати сулҳу Ваҳдат ҷумҳурии азизамон ба марҳилаи нави зиндагӣ — давраи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошт.
Дигар аҳамияти Созишномаро бо ибораи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯем: «Ҳарчанд душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, дар муддати кӯтоҳ, забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободии мамлакат камар бандад».
Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки таҷрибаи таърихии раванди сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дода шудаанд. Бузурггарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини Ваҳдати миллӣ барои аксари давлатҳои ҷангзадаи дунё арзёбӣ кардаанд.
Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ аҳамияти бузурги байналхалқӣ дошта, боиси дар арсаи байналмилалӣ бо шоистагӣ қадам задани Тоҷикистон гардид. Зикр кардан бамаврид аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро алҳол беш аз 150 давлати дунё ба расмият шинохта, имрӯз кишвари мо бо зиёда аз 130 мамлакат робитаи дипломатӣ дорад.
Ватани маҳбуби мо узви беш аз 50 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, ба ифтихори Роҳбари кишвари тоҷикон дар пойтахти даҳҳо мамолики пешрафтаи ҷаҳон борҳо Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст.
Маҳз, ба шарофати амалӣ шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз шаҳри Душанбе ба шаҳри ваҳдатнигору сулҳофар ва яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавии ҷаҳони муосир мубаддал гашт.
Боиси таъкид аст, ки дар таъмини сулҳу осоиши кишварамон нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд барҷаста аст. Қасри Арбоб дар таърихи миллату давлати мо чун рамзи ба ҳам омадани миллат, ҳифзи муқаддасоти воло — Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, имрӯз ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ бадал шудааст.
Мо кормандони мақомоти судӣ амиқ эҳсос менамоем,ки расидан ба ваҳдати миллӣ мардуми моро ба рӯзҳои пурсаодат бирасонд. Рӯзғори мардум ба хушӣ анҷомид. Ва боиси қаноатмандист, ки тазодҳои зиндагӣ ва бахусус зуҳуроти содиркунии ҷиноятҳо дар заминаи маҳалчигӣ, миллатчигӣ ба куллӣ кам гардида, тайи солҳои охир мақомоти судӣ ба ин масъалаҳо боре ҳам рӯй наовардааст.
Тифоқӣ ва ваҳдати миллӣ гарави пешравиҳои ҷомеаи мост.
ОҚИЛЗОДА БАХТИЁР ДАВРОН,
раиси суди вилояти Суғд