ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВАҲДАТИ ҚАЛБҲОСТ
Ваҳдат барои тоҷикону тоҷикистонӣ басо муқаддасу азиз мебошад. Мардуми шарафманди мо қадру манзалати сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдату амнияти миллиро беҳтар аз дигарон медонанд. Зеро барои расидан ва соҳиб шудан ба ин неъматҳо ранҷу азоб ва мушкилоти зиёдеро таҳаммул намудаанд.
Ҳамаамон медонем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ қадар айёми пурфоҷиаву даҳшатбори таърихӣ барои миллатамон буд. Ёди он рӯзҳои наҳсе, ки дар кишварамон бародар бародарро мекушт, писар душмани ҷони падар шуд, то ҳол руҳияи шоҳидони ин ҷанги бемаъниро хира мегардонад. Халки тоҷик ҳазорон бор шукргузор аст, ки ба сари миллат марди накӯном, ҷасур, ватанхоҳ, дӯстдори обу хоки Ватан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибӣ намуданд.
Имрӯз ҳама дар фазоӣ сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ умр басар мебарем. Тоҷикистонамон ба мамлакати сулҳовар мубаддал шудааст. Ваҳдат ва оромии бадастомада муҳимтарин омили субот, рушду тараққӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гардидааст. Мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқдол ва Ваҳдати сартосарӣ ба меҳнати созанда машғул гардида, аз пайи ободу зебо намудани кишвари худ камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд. Ҳама дарк намудаанд, ки танҳо бо Ваҳдату иттифоқ, ба саодату иқбол даст меёбанд.
Маҳз бо шарофатии сулҳу ваҳдат, ки ҳосили хиради азалии миллати тоҷик буда, асосан бо туфайли саъю кӯшиш ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Тоҷикистони Соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои азими сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гашт. Дар мамлакатамон раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза касб намуд. Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори хоса гардид.
Инак 26 сол аст, ки мардуми шарафманди мо бо дастгирӣ ва пуштибонии Президенти мамлакат бо дастовардҳои навини истиқлол, ҳифзу гиромидошти ваҳдати миллӣ ва дар тинати шаҳрвандон бедор намудани эҳсоси миллӣ байни насли наврас зиндагӣ дорад.
Фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намоем.
Сулҳи деринтизор ва поянда барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мустаҳкам гузошт. Эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад дар даҳсолаи оянда кишвари моро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ оварда расонад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи рушди саноату иқтисоди миллӣ ва махсусан инкишофи соҳибкорӣ дар ҷумҳуриамон садҳо корхонаҳои муштараку коргоҳҳо ва сеху фабрикаҳои истеҳсолӣ, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомию дорои масъулияташон маҳдуд ва ташкилотҳои амонатию қарзии хурд фаъолияти худро ба роҳ монданд. Симои шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ дигаргун шуд.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо мояи саодату калиди фатҳу пирӯзӣ ва муҳимтарин омили таҳкиму иқтидори Истиклоли давлатӣ гардид.
Вақте ки мо саҳифаҳои заррини таърихи Тоҷикистони муосирро пас аз ноил шудан ба сулҳу Ваҳдат варақгардон менамоем, қалбу вуҷудамон аз шодию фарах лабрез мешавад. Мебинем, ки ин ду неъмати бебаҳо чӣ қадар барои миллати куҳанбунёди мо азиз аст. Ба ин маънӣ ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар яке аз баромадхояшон дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ фармудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».
Пас аз гузашти 26 сол мо бештару беҳтар ба арзиши ин санади бузург баҳои воқеӣ медиҳем. Ҷомеаи кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ саъю талош намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст, ки бо роҳу усулҳои замонавӣ дар ниҳоди ҳар як наврасу ҷавон эҳсоси ватандӯстию ҳимоят аз Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои аслии фархангию маънавии халқро парвариш диҳем. Ҷиҳати тақвият бахшидани худогоҳию худшиносии миллии наврасону ҷавонон камари ҳиммат маҳкам бандем. Кӯшиш намоем, ки Ваҳдати миллии мо ҳамеша ваҳдати дилҳо бошад. Чунки ваҳдати дилҳо Ваҳдати миллиро мустаҳкам, раҳнопазир гардонида, барои ҳалли мушкилиҳои имрӯзаи ҷомеа мусоидат намуда, ба мисли оби ҳаётбахш мазраи вуҷуди Ватану миллатро сарсабзу шукуфон мегардонад.
НАБИЗОДА Наргис Ҳаким,
судяи суди вилояти Суғд