ВАҲДАТИ МИЛЛИ ОИНАИ ТАЪРИХ

Ба шарофати ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлатӣ тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, зиндагии мардум беҳ гардидааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ тӯли 25 соли Ваҳдат тағйироти куллӣ дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасад. Пеш аз ҳама, ин сулҳи халқи гоҷик ва осоиштагии мардум аст.

Аз Истиқлолияту Ваҳдати миллии тоҷикон имрӯз ҳар фарди худогоҳи кишвар шукрона мекунад ва шод аз он ҳастанд, ки дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки баъди расидан ба оромиву Ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ин зина расидем,Тоҷикистонро даҳҳову садҳо давлатҳои дунё ба расмият шинохтанд, аксари кишвари олам бо мамлакати мо созишномаҳои дипломатӣ бастанд. Маҳз ба шарофати Вахдати миллӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ зимоми кору фаъолият ба дасти сохторҳои давлатию роҳбарияти қонунии мамлакат гузашт ва мардум барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, озод, дунявӣ ва ягона ҷидду ҷаҳди бештар зоҳир менамояд.

Ваҳдат, сулҳу салоҳ ва оромиву осоиштагӣ буд, ки давлат ба рушду нумӯи илм, мактабу маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инкишофи фарҳанг, бо як сухан, муҳайё кардани шароити шоистаи зиндагӣ бештар эътибор медодагӣ шуд. Садҳо километр роҳҳои ҷумҳурӣ аз рӯи талаботи стандарти байналмилалӣ таъмиру тармим гардиданд, баҳри ҷаъмини хоҷагии халк ва аҳолӣ бо нерӯи барқ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки давлат ва соҳибкорони ватанӣ даҳҳо корхонаю коргоҳҳои бузургу миёнаро сохта, ба истифода доданд, ҳазорҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хубтаъмин карданд, деҳқонони асил соҳиби қитъаҳои замин гашта, хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ таъсис доданд.

Имрӯз натанҳо халқи тоҷик, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба Тоҷикистои ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Курбонзода Хуршеда Гулмат,

судяи суди вилояти Суғд