ВАЗИФАИ МУҲИМИ МО
Давлат таъмини амниятро вазифаи муҳим ва афзалиятноки хеш медонад. Чунки дар ҳама давру замон масьалаи таъмини амнияти давлат ва ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад.
Аз ибтидои асри XXI башарият таҳдидҳои навро аз қабили терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро ба амният эҳсос намуд.
Дар ҷумҳуриамон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Лекин омилҳо ба монанди терроризм ва экстремизм ва равияҳои тундгароӣ эҳсос карда мешаванд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мегарданд. Зуҳуротҳои террористию экстремистӣ дар ҷумҳуриамон аз рӯзҳои авали истиқлолият ва соҳибихтиёр шуданаш то имрӯз худро нишои доданӣ мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарӣ давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омаданд. Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумбашариро касб намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, бар тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланд таъкид карданд, ки имрӯз терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Барои амалӣ намудани мақсади амалҳои террористӣ дар ҷаҳон маблағҳои зиёде сарф мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳифз менамояд, мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани онро яке аз вазифаҳои худ мешуморад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид намуданд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд фаъолияташонро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ вусъат бахшанд. Бинобар он мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро хусусан дар байни ҷавонон хуб ба роҳ монда, пеши роҳи шомилшавии онҳоро ба равияҳои ифротгароӣ ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем. Ин яке аз вазифаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.
Ҷӯрабек ШЕРЗОДА,
муовини раиси суди вилояти Суғд