Вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Б.Ғафуров ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров
Санаи 3 майи соли 2025 судяи суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Б. бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Бобоҷон Ғафуров ва бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯриҳо гузаронид.
Дар маҷлисҳои мазкур судяи суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Б. вобаста ба мубориза бо терроризму экстремизм ва дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷиноятӣ ва маъмурӣ баромад кард.
Дар баромадҳои худ судяи суди вилояти Суғд қайд намуданд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ буда, фаъолияти онҳо ин банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое), ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд, яъне ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин судя Бобоҷонзода Б. қайд намуданд, ки дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, ин ҳангоми аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти барқӣ ва тайғир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткуни ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар мекунад ба ҷовобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Дар охир судяи суди вилояти Суғд ҳамаи иштирокчиёни маҷлисҳои мазкурро бо фарорасии иди Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният намуда, вохӯриҳои мазкурро ба охир расониданд.