Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар асоси Нақша-чорабинии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи судии вилояти Суғд санаи 05 апрели соли 2025 муовини раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф. ва судяи ҳамин суд Рустамзода М. дар бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раисони маҳаллаҳо, биноҳо ва фаъолони ин ҷамоати шаҳрак вохӯриву суҳбат гузарониданд.

Зимни вохӯрии мазкур раиси ҷамоати шаҳрак ба ҳозирин меҳмононро муаррифӣ намуд.

Муовини раис Зарифӣ Ф.Н. маҷлисро кушода, қайд кард, ки тибқи муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Ёдовар гардид, ки Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ шудааст.

Иброз намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Илова кард, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллҳ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.

Ба саҳми ҳозирин расонид, ки судяи суди вилояти Суғд Русатмзода М. дар мавзӯҳои «Ҳизбҳои экстремистию террористие, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаркатҳо»

Судя Рустамзода М. маърӯзаҳои хеш дар мавзӯҳои «Ҳизбҳои экстремистию террористие, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷиккистон манъ аст, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаркатҳо» «Масъулият дар таълим ва тарбияи кӯдак»-ро ба саҳми ҳозирин расонида, тартиби баррасии ин қабил парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро фаҳмонид.

Баъд аз маъруза раисони маҳаллаҳо, биноҳо ва дигар фаъолони Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххасро гирифтанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н. қайд намуд, ки мақсади асосии гузаронидани чунин вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолӣ ин пеш аз ҳама риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон; — таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; — тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;- мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он; — баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ; — байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ; — баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ; — ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ; — ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон; — ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.

Илова кард, ки мақомоти судӣ  дар ин самт чунин корҳоро анҷом медиҳад: — ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарҷиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти маданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад; — ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад; — вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия) бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад; — тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ; — тақвият бахшидан ба барномаҳои телевизионии махсус дар мавзӯъҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ.

Маҷлисро пӯшида эълон намуд.