Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд

Санаи 15 марти соли 2025 кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони маҳаллаи Раззоқ ва масъулини муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба номи Пӯлод Атаев вохӯри гузарониданд.

Маҷилиси мазкурро раиси маҳаллаи Раззоқ Муртазоев М.С. кӯшода эълон карда, кормандони суди вилояти Суғдро ба иштирокчиёни маҷлис муарифи карда, суханро ба муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. дод.

Муовини якум Раиси суди вилоят Суғд оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумот дод ва суханро ба судяи суди вилояти Суғд Аҳмалзода Ф. пешниҳод кард.

Судяи суди вилояти Суғд вобаста ба Қонунҳои мазкур баромад карда, дар баромади худ қайд карданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Инчунин муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд вобаста ба Қонунҳои мазкур мисолҳо оварданд, ки чи гуна Қонунҳои мазкур вайрон карда шудаанд ва барои пешгири инҳо чи чораҳо андешида шавад.

Дар охир муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд ҳамаи иштирокчиёни маҷлиси мазкурро бо омад омади Наврӯзи байналмиллалӣ ва моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, вохӯрии мазкурро ба охир расониданд.