ВОЛОТАРИН ВОҚЕАИ ДАВРОНИ ТАЪРИХӢ

Мардуми шарифи кишвар ҷашни бузурги миллии Исгиқлолияги кишварро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Ин иди бузурги миллӣ барои хурду бузурги кишвар ба осонӣ ба даст наомада, баҳри соҳиб гардидану ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани як давлати мустақилу обод чӣ қадар заҳмат, чӣ қадар нерӯ масраф гардидааст.

Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9-ум сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олй Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд ва он роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ тағйир дод.

Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи яқ соли истиқлодият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор қарда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахӯстин давлатҳое буданд, ки сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Ҳамзамон, эълони Истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст гардида, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлодияг, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ мемонд.

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, сиёсии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумхурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги шаҳрвандиро аз байн бардоранд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд.

Дар ин замина Роҳбари давлат тавонистанд имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишонидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ ба кор бурда, оромиро дар кишвар таъмин карданд.

Бахтиёр БОБОҶОНЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд