Ворхӯриҳо бо сокинони маҳаллаи Ҷ.Расулов дар шаҳри Хуҷанд ва омӯзгорону донишҷӯёнӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Баҳри иҷрои нақшаи кории Суди вилояти Суғд аз 11 марти соли 2025, муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М., судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. ва Ҳусейнзода Ф.Л., пристиваи судии суди вилояти Суғд Мӯминзода Н. ва котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд Ғуломов М.М., санаи 31 майи соли 2025 бо сокинони маҳаллаи ба номи Ҷ.Расулови шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таълимии №5-и шаҳри Хуҷанд ва бо омӯзгорону донишҷӯёнӣ факултети
ҳуқуқшиносӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯриҳо гузарониданд.
Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи ба номи Ҷ.Расуловро директори муассисаи таълимии №5-и шаҳри Хуҷанд ва вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёнӣ факултети ҳуқуқшиносиро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Кенҷаев Ш.Ю. кушода эълон намуда кормандони суди вилояти Суғдро ба иштирокчиён муарифи карда суханро ба муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. дод.
Муовини якум Раиси суди вилоят Суғд доир ба мавзӯъҳо ва мақсади вохӯриҳо маълумот дода, суханро ба судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. дод.
Судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. доир ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 18 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, баромад кард, қайд намуд, ки ҳадафҳои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳи буда, зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Инчунин судяи суди вилояти Суғд Ҳусейнзода Ф.Л. оиди шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки бо дарназардошти аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қуваи барқ бе пайвасткуни ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, ки ба истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва тасарруфи неруи барқ оварда мерасонад, дар қонунҳои кишварамон ҷавобгарӣ пешбинӣ ва ворид карда шудааст.
Дар навбати худ пристави судии суди вилояти Суғд Мӯминзода Н. дар бораи “Терроризм ва экстремизм-ҳамчун падидаи номатлуб” баромад карла, қайд намуд, ки дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористи ва экстремисти тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад.
Бинобар ин, вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро, ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. вобаста ба Қонунҳо ва масъалаҳои мазкур аз таҷрибаи судӣ мисолҳо оварданд, ки чи гуна ҷавонон аз беэҳтиётиву бесаводи Қонунҳои мазкурро вайрон кардаанд ва барои пешгирии онҳо чи чораҳо андешида шавад.
Дар охир муовини якум Раиси суди вилояти Суғд ҳамаи иштирокчиёни маҷлисҳои мазкурро бо фарорасии иди кӯдакон ва иди Қурбон табрику таҳният намуда, вохӯриҳои мазкурро ба охир расониданд.